Иштироки ҷавонони тоҷик дар семинарии байналмилалӣ

Июль 17, 2014 15:59

Душанбе,17.07.2014(АМИТ«Ховар», Анна Мощенко).-14 ҷавон Тоҷикистонро дар семинари «Ҷавонони асри 21: Мубоҳисаҳо ва истеҳсоли медиа -маҳсулот», ки аз 19 то 31 июл дар Қирғизистон баргузор мегардад, муаррифӣ менамояд.Тибқи иттилои роҳбари маркази мубоҳисавии Душанбе Александр Смирнов , семинарро Иттиҳодияи таҳсилоти байналмилалии мубоҳиса дар Осиёи Марказӣ ташкил намуд.Ҷамъулҷамъ дар чорабинӣ қариб 40 ҷавони фаъол ва муосир бо ғоя ва лоиҳаҳо аз синни 18 то 29 сола аз кишварҳои Қазоқистон , Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки баъди анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён малакаи навиштани мақола ва анҷом додани мубоҳисаро беҳтар менамонд. Бори аввал семинари дуҳафтаина соли 2010 гузаронида шуд ва то ҳол семинарҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва дар Аврупои Шарқӣ гузаронида шуд.

Июль 17, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад