Иштироки намояндагони Саридораи геология дар чорабиниҳои байналмилалӣ
Душанбе, 08.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар кормандони ҷавони Саридораро барои такмили ихтиссос ва омӯзиши курсҳо ба кишварҳои хориҷ равона кардааст, ки нисбат ба соли гузашта шумораи такмили ихтисосҳо зиёд мебошад, -гуфт сардори Саридораи геологияи тоҷик Ҷумъазод Мурод Хол зимни ҳисоботи шашмоҳаи Саридора ба хабарнигорон.Ба иттилои мавсуф ин мутахассисони ҷавон, ки 4 нафар бо кишвари Финляндия ва 7 нафари дигар бошад ба Ҷумҳурии мардумии Чин фиристонида шуданд, тибқи шартномаи Саридора бо корхонаҳои хориҷ аз кишвар равона шудааст.«Дар ин давра ҳамчунин намояндагони Саридора дар якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конгресси «Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC)», «Чорабинии ҷамъбасти ҳамкориҳо дар фазои устувор нигоҳдории захираҳои табиӣ» иштирок ва захираҳои табиӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд», -иброз дошт Ҷумъазод Мурод Хол дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






