Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14), ки аз 4-ум то 13-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳамадонии Эрон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад, эълон шуд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи кишвар хабар додааст, Раҷаб Расулов, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар ба рӯйхат 21 бозингарро дохил кардааст. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 20-ум то 25-уми июл дар шаҳри Норак баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд. Гуфта мешавад, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 11-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






