Истеҳсоли семент афзуд
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ 496,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473 ҳазор тонна зиёд аст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ доданд, пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуаксин Ғайюр семент» мебошад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсол 362,8 ҳазор тонна ба ин ширкат рост меояд. Дар ин давра «Тоҷиксемент» 101,6 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Дар истеҳсоли қисме аз ин масолеҳи сохтмон корхонаҳои хурди ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






