Изҳороти ММТ баҳри пешгирии амалҳои қаллобӣ
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар» , Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии амалҳои қаллобӣ ва фиреб додани падару модарон ва довталабон дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳадБа иттилои дафтари матбуоти марказ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, имконияти дахолати беруна ва тақаллуб аз байн бардошта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва беадолатиҳо дар низоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ хотима бахшида мешавад. Тавре худи омӯзгорон, падару модарон, довталабон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар алоқамандон бевосита шоҳид буданд, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ аз 1-ум то 11-уми июли соли 2014 дар доираи қисми А “имтиҳони умумӣ” ва қисми Б “имтиҳони ихтисос” гузаронида шуда, ҷараёни имтиҳонҳо қариб дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назорати видеоӣ аз ҷониби нафарони мазкур мушоҳида гардид, ки онҳо ин иқдомро баланд арзёбӣ намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамин тариқ, чуноне ки борҳо таъкид карда будем, раванди ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо бо назардошти чораҳои бехатарии пешбинигардида ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани назорату идораи онҳо шаффофу одилона ва бе қоидавайронкуниҳо гузаронида шуданд. Инчунин, коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ тавассути барномаҳои компютерӣ амалӣ мегардад ва бовар мекунонем, ки бо назардошти тартиби таъмини бехатарии иттилоот ва махфияти пешбинигардида расонидани ягон намуди ёрӣ ба довталаб имконнопазир аст.Аз ин хотир Маркази миллии тестӣ аз падару модарон хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна шахсоне, ки оид ба расонидани ёрӣ дар дохилшавии фарзандонашон ваъда медиҳанд, бовар накунанд. Чунки иҷрои чунин ваъда ва кафолатҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ва техникию технологӣ аз имкон берун аст, ин танҳо қаллобӣ ва амалҳои коррупсионӣ асту халос. Танҳо дониш метавонад кафили муваффақияти довталаб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гардад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






