Кӯлоб: Омӯзгорон бо маблағҳои рухсатӣ таъмин гардиданд
Кӯлоб, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб дар арафаи моҳи шарифи рамазон пардохти дигар моддаҳои хароҷоти маҳдуд гардонида шуда, таъмини рухсатии омӯзгорони соҳаи маориф дар мадди аввал роҳандозӣ гардид. Бинобар иттилои сардори раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров дар ин давра ба 61 муассисаи соҳаи маориф маблағи 6 м 714 ҳ 340 сомонӣ ҷудо гардид, ки 100 %-и нақшаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи манбаъ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба дигар соҳаҳои буҷетӣ низ маблағҳои зарурӣ сари вақт ҷудо гардида, музди меҳнат, ҷубронпулӣ ва дигар хароҷотҳои молиявӣ таъмин карда мешавад. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст тавассути раёсати молия дар иди моҳи шарифи рамазон ба ятимони кулл, иштирокчиёи ҶБВ ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманд кумаки молиявӣ расонад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






