Китобдори сол

Июль 11, 2014 10:58

Душанбе, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи китоб», ки 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»дар қаламрави кишварро баргузор менамояд.Бино ба иттилои Кумитаи тадорукот озмуни мазкур, ки тибқи муқарароти Низомномаи озмун санаи 30 июни соли 2014 мўҳлати қабули аризаҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун ба охир расид, ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун 41 ариза ҷиҳати иштирок дар озмун аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол», 44 ариза аз рўи номинатсияи «Китобдори сол» ва 3 ариза аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шудааст. Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол» 2 китобхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 4 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 1 китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, 4 китобхонаи донишгоҳӣ, 7 китобхонаи шаҳрӣ ва 23 китобхонаи ноҳиявӣ бақайд гирифта шуданд. Гуфта мешавад, ки мўҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни бакайдгирифташудаи озмун то 15 августи соли 2014 муқарар карда шудааст.Иштирокчиёни озмун ба воситаи овози гирифташуда тариқи паёмакҳо, инчунин аз рўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ карда мешаванд. Натиҷаи озмун дар «Рўзи китоб», 4 сентябр, дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.

Июль 11, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!