Китоби нав дар бораи ахлоқи миллӣ
Душанбе, 14.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи «Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» аз чоп баромад.Масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҳар замон аз аҳамияти фавқулодае бархўрдор ҳастанд. Вале дар асру замони мо, ки асри печидагии робитаҳо, густурдагии рў ба рушди иртиботот, авҷ гирифтани фановарӣ ва тавсеаи иртиботот аст, дорои аҳамияти бештар мебошанд.Дар ҷаҳони пуртазоди имрўз, ки раванди умумиҷаҳоние бо номи ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва миллатҳо, пеш аз ҳама, ҷавононро ба чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаровону физоянда рў ба рў намудааст, ҳифзу ҳиросат намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои ахлоқии халқамон вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо бақову пойдории давлати Тоҷикистон ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он вобаста аст. Муаллифи китоб — бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти тарбияи ахлоқӣ дар солимгардонии фарҳангии ҷомеа — донишмандон, пажўҳишгарон, таърихшиносон, ҳуқуқдонон, нависандагон, рўзноманигорон ва ҳамаи соҳибназарони коршинос ва касонеро, ки салоҳияти тарбияи афроди ҷомеаро доранд, ба баргузории як бозсозии фарҳангӣ даъват мекунад.Аз мазмуну мундариҷаи китоби тозанашр номи бобҳои он дарак медиҳад: «Тарбияи ахлоқӣ — меҳвари ғояи миллӣ», «Таъсирҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ ва осебҳои падидаи истеъмолгароӣ», «Ҷомеаи истеъмолгаро ва ахлоқ», «Таъсири ҷаҳонишавӣ ва инқилоби фановарӣ дар эҷоди чолишҳои фарҳангӣ», «Асари манфии ҷаҳонишавии арзишҳои оилавӣ», «Вазифаҳо, нақшҳо ва масъулиятҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ», «Тарбияи фарзанди нек», «Нақши оила дар тарбияи ахлоқии фарзандон», «Нақши мактаб дар шахсиятсозӣ», «Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ», «Нақши таълиму тарбия дар рушди ахлоқии фарзандон», «Чанд сухан дар бораи усулҳои тарбияи фарзанд», «Сухане чанд аз роҳкорҳои омўзиш ва гиромидошти забони тоҷикӣ».Матни электронии китобро, ки аз 260 саҳифа иборат аст, дар ин ҷо нусхабардорӣ ва мутолиа кардан мумкин аст [attachment=22] ..








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






