Китоби «Шуғнон» ба нашр расид

Июль 21, 2014 09:58

Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нашриёти «Русская литература» — и шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни Истиқлолият китоби «Шуғнон»-ро ба тозагӣ ба нашр расонд. Муҳаррири китоб Тилло Некғадамов ва рўзноманигор Шакарбек Қурбонбеков дар гирд овардани мавод ва суратҳои китоби нав саҳми калон гузоштанд. Китоби «Шуғнон» таҳти назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Парвона Ҷамшедов интишор гардид. Маводи гирдовардашудаи ин китоб асосан ба ду давра ихтисос дода шудаанд. Даври аввали он аз аҳди қадим то Инқилоби Октябр ва қисмати дуввуми он аз замони Ҳокимияти Шўравӣ то даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таври мушаххас оид ба ҳаёти сокинони Шуғнон ва таъриху бостоншиносии мардуми ин сарзамин ҳидоят мекунад. Ҳамчунин роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти фарзандони фарзонаи ин диёр ва рўзгори мардуми ин минтақаи кўҳистонӣ маълумоти мухтасари энсиклопедӣ гирд оварда шуданд. Дар робита ба даврони дастёбӣ ба истиқлоли кишвар гуфта шудааст, ки маҳз дар ин замон маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон, ки қаблан дар шаҳри Хоруғ мустақар буд, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатии ноҳия ба ҷамоати Поршинев мунтақил шуданд. Бо бунёд ёфтани шаҳрак маркази маъмурии Шуғнон Ваҳдат номгузорӣ карда шуд. Китоб бо кумаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо теъдоди ҳазор нусха ва беш аз 700 саҳифа нашр гардид.

Июль 21, 2014 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд