Корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ меафзоянд
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи ватанӣ дар соҳа 48 корхонаю коргоҳҳои саноатии дорои технологияи пешқадам бо 613 ҷойҳои нави корӣ бунёд ва ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуданд, ки ин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва иқтидорҳои истеҳсолӣ мусоидат намуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, машруботи ғайриспиртӣ ва обҳои маъданӣ нисбат ба ҳамин соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли панир, консерваи меваю сабзавот, спирти этилӣ, арақ, оби ҷав нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






