Кумаки Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба ниёзмандон

Июль 15, 2014 15:55

Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дасти ёрӣ дароз намудан ба шахсони ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон амали савоб мебошад.Ба ин хотир имрӯз мушовир оид ба корҳои дин дар сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амруллоҳ Кая ба шарофати моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе , аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур кӯмакҳои озуқаворӣ тақдим намуд.Бояд гуфт , ки ба 220 нафар ниёзмандон дар ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА кумакҳои озуқаворӣ — орд , равған, биринҷ, шакар ва дигар намуди хӯрока дода шуд.Мавриди зикр аст , ки Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҳамчунин тасмим дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва оилаҳои ниёзманди ноҳияи Восеъ ва ҷамоати деҳоти Саричашмаи н. Шӯроободи вилояти Хатлон кумакҳои моддӣ хоҳанд расонд.

Июль 15, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад