КВД «Тоҷиксуғурта» : бастани 618 ҳазору 431 шартномаи суғуртавӣ
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Дар нимсолаи аввали соли 2014 «Тоҷиксуғурта» оид ба фарогирии объектҳо бо хизмати суғуртавӣ миқдори бастани шартномаҳои суғуртавиро ба 618 ҳазору 431 адад расонид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 897 адад, ё 2,3 фоиз зиёд аст», -гуфт зимни нишасти матбуотӣ Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Аловуддин Саторов.Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ин давра ба 7 ҳазору 627 ашхоси ҳуқуқию воқеӣ , ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 6 миллиону 674 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд, ки он 95 фоизи ҳиссаи «Тоҷиксуғурта»-ро оид ба ҳақгузории ҷубронӣ зарар дар бозори суғуртаи кишвар ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






