Л. Давлатзода: «Барои омӯзиши забони хориҷӣ барномаи нав дар назар аст»
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» ва бо як гурӯҳ хабарнигорон баргузор гардид, Лутфулло Давлатзода директори ин муассиса оид ба ҷамбасти нимсолаи фаъолияти телевизиони мазкур иттилоъ дод.Л. Давлатзода аз ҷумла зикр намуд, ки тӯли шаш моҳи сипаригардида тариқи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ҳамарӯза муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин муддат садҳо хабару гузоришҳои оҷилу саривақтӣ таҳия ва пешкаши бинандаҳо гардид. Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ қариб аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат гузоришҳо пахш гардиданд, ки меҳвари онҳоро тарбияи меҳанпарастӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ташкил медод. Дар барномаҳои «Дидори сарбоз», «Артиш», «Шӯхиҳои аскарӣ», «Шоми шанбе», «Сапедадам», «Сабоҳ» афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Л. Давлатзода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», оид ба ҳамкориҳои телевизион гуфт, ки телевизиони «Сафина» дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулуъ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як лоиҳаи ҷолибро зери унвони «Ҷило» манзури тамошобинон гардонид, ки аз ҷониби бинандагон баҳои баланд гирифт. Бояд зикр намуд, ки кормандони муассиса барои ҳамкорӣ бо телевизионҳои хориҷӣ нақшаҳои зиёд доранд. Дар хотима вай ҳамчунин афзуд, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ нақшаи барномаи нав низ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






