Лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мегарданд
Душанбе,25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҷамолиддин Нуралиев-муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ гуф т, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ амалӣ шуда истодааст. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 371,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарз 131,2 миллион сомонӣ, грант 189 миллион сомонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 51,1 миллион сомониро ташкил дода, барои соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 8,2 миллион сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 300 ҳахор сомонӣ, маориф 16,1 миллион сомонӣ, тандурустӣ 6,2 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 1,9 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 63,1 миллион сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 72,3 миллион сомонӣ ва энергетика 69,8 миллион сомонӣ равона гардидааст. «Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 6 созишномаҳои қарзию грантӣ оид ба татбиқ гардидани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 258,3 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он маблағҳои грантӣ 195,1 миллион сомонӣ ва маблағҳои қарзӣ 63,2 миллион сомониро ташкил медиҳад»,-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






