Лутфулло Давлатов: «Дороии ман ин фарзандонам мебошанд
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» баргузор гардид, ки зимни он директори муассисаи мазкур Лутфулло Давлатзода дар ҳузури хабарнигорон аз дастовардҳои ТВ «Сафина» дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод. Лутфулло Давлатзода таъкид намуд,ки дар ин давра дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ҳайати эҷодию техникии Сафина як силсила намоишҳои телевизиониро дар жанрҳои гуногун бо диду назари нав таҳияву пахш намуданд. Дар нишаст дар баробари баррасии паҳлуҳои мухталифи фаъолияти ТВ «Сафина» инчунин рӯзноманигорон бо суолҳои сершумор ба директори телевизион муроҷиат намуданд. Рӯзноманигорон дар баробари пешниҳодоти суолҳо доир ба самтҳои мушаххас ва марбут ба фаъолияти ТВ «Сафина» инчунин ба зиндагонии шахсии роҳбари он дахл намуданд. Лутфулло Давлатзода ба суоли он, ки оё дороии роҳбари «Сафина» чӣ қадар аст? гуфт: «Дороии ман ин 5 фарзандам аст, ки ҳар як миҷа задани онҳоро ба дунё иваз намекунам ва рисолати падарии худро то ҳол иҷро карда истодаам .Зикр шуд, ки дар соли 2014 Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» тасмим дорад, то барои ҷолибтар намудани барномаҳои худ як силсила лоиҳа ва иқдомро амалӣ созад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






