Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2014 17:39

Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ карда шуд.Маҳмад Сафаров аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳомид Расулов ба ин мансаб таъин гардид.Раҷаб Саодатов аз вазифаи Муовини Директори Агентии таъмини амволи махсус озод карда шуда, муовини якуми роҳбари ҳамин агентӣ таъин гардид.Ибодулло Зардов Муовини Директори Агентии таъмини амволи махсус ва Раҳмон Умаров Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи реклама” пешниҳод гардид.Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018, Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024, Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ, Тартиби ташкил ва гузарондани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва Номгӯйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ тасдиқ карда шуд.Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60,61 га замин барои бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои бисёрошёна ва иншооти иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 330,15 га барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 1933 оилаи ниёзманди ин ноҳия ҷудо карда шуд.Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.Супоришҳо доир ба иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ низ дода шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба омодагӣ ба соли нави таҳсил ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зоҳир карда шуд.

Июль 29, 2014 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст