Марги 467 нафар дар Гана

Июль 9, 2014 12:57

Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си ҳафтаи равон дар Гана ҷаласаи фаврии роҳбарони як қатор кишварҳои қитъаи Африқо ва намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оғоз ёфт. Дар ин нишаст масоили марбут ба пешгирӣ намудани бемории табларзаи вируси «Эбола» баррасӣ гардид.Гуфта мешавад, ки аз моҳи майи соли равон то инҷониб бар асари сироятёбии вируси «Эбола» наздики 467 кас фавтидааст.  Ақидаи собиқ президенти Франсия
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Собиқ президенти Франсия Николя Саркози аз айбномаҳое, ки нисбати ў раво дида шудааст, бо шабакаи «Т-ЭФ-1» ва «Аврупо-1» изҳори ақида кард. Номбурда таъкид намуд, ки ў ягон гуноҳ бар зидди меъёрҳои давлатӣ содир накардааст. Гуфта мешавад, ки собик президенти Франсия дар айбномаҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ва омилҳои фишороварӣ бо истифода аз мансаб муттаҳам дониста мешавад.
 
Нооромӣ дар Мянма
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Мянма бар асари бархўрди намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф 2-нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Барои пароканда кардани иштирокдорони бетартибиҳо ва пешгирӣ намудани қонуншиканӣ мақомоти полис аз воситаҳои зарурӣ истифода бурданд.Гуфта мешавад, ки дар минтақаҳои қисми ҷанубии Мянма нооромӣ ва бархўрди қавмҳо бештар ба назар расида, ва то ҳол идома дорад. Оташ задании автомобили консули Юнон Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳи дирӯз гурўҳи силоҳбадастон дар шаҳри Берлини Олмон автомобили консули Юнон дар ин кишвар Ариса Радиопулосаро оташ заданд.Ҷоизи қайд аст, ки ҳодиса дар наздики манзили зисти истиқоматии дипломат рўх додааст.Ҷавобгарии онро гурўҳи террористии «Таҳдиди оташбор» ба ўҳда гирифт. Гуфта мешавад, ки чанде пеш низ чунин ҳодиса дар шаҳри Берлин ба қайд гирифта шуда буд.
 
Хабари сарвазири Либия
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Либия Абдулло ат Тани дар бораи хотима ёфтани бўҳрони нафтӣ дар Либия ба шабакаҳои телвизионии кишвар хабар дод.Ӯ таъкид намуд, ки силоҳбадастон минтақаҳои нафтии Рас-Лануф ва Эс-Сидрро, ки таҳти тасарруи худ гирифта буданд, ба ихтиёри ҳукуматдорон гузоштанд. Гуфта мешавад, ки аз 4 минтақаи аз нафт боий буда, то ҳануз 2-адади он зери тасарруфи силоҳбадастон қарор доранд.
 
Дастгир намудани қочоқчиён дар Мексика
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони мақомоти полиси Мексика дар штати Гуанахуато роҳбари гурўҳи қочоқчиёнро бо номи «Оила аз Мичоакана» Хосе Чавес Маганюро дастгир намуданд. Бояд қайд кард, ки штати Мичоакана яке аз нуқтаҳои асосии задухўрди гурўҳи нашъаҷаллобон ва интиқоли маводи мухаддир ба Амрико ба ҳисоб меравад.
 
Муҳокимаи сиёси байни Япония ва Кореяи Шимолӣ
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Япония нисбат ба Кореяи Шимолӣ таҳримотро коҳиш медиҳад.Қайд кард роҳбарияти Япония пас аз музокирот бо намояндагони Кореяи Шимолӣ.Ва низ қайд карда шуд, ки зимни вохўрӣ дар шаҳри Пекин ҷонибҳо масъалаи пайдо ва озод намудани шаҳрвандони Японияро, ки дар замони ҷанги сарди солҳои 1970-1980 рабуда шуда буданд, муҳокима карданд.
 
Парвози мушак дар Амрико
 
Душанбе, 9.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Аз пойгоҳи низомии штати Калифорнияи Амрико мушаки интиқолдиҳандаи «Делта-2» рўзи 3-ум июли соли равон баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки мушак ба ширкати «Боинг» мансуб мебошад. Парвози ин мушак дар давоми 2 сол минтақаҳои гуногуни уқёнус ва сайёраи Заминро назорат хоҳанд кард.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 9, 2014 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад