Машқҳои махсус бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо мақсади омодагии доимии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти қудратии кишвар аз санаи 3-юм то 17-уми июли соли ҷорӣ дар заминаи маркази таълимии минтақаи Мағоб, воқеъ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат курсҳои кӯтоҳмуддати машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд.Дар ин курсҳо хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дастаҳои таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои маҳв намудани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар шароити кӯҳсор маҳорати касбии худро тақвият доданд.Бояд зикр намуд, ки машқҳои низомии имрӯза ин нишонаи ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус ба шумор рафта, гузаронидани чунин чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мунтазам ба роҳ монда мешавнд. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






