Машварати кории М.Ҷабборӣ бо роҳбарияти нави кумитаи ҷавонон
Душанбе. (18.07.2014 «Ховар») Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо ҳайати нави роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева ва дигар кормандони раёсати мазкур ширкат варзиданд.Марҳабо Ҷабборӣ, ки бевосита сарпарасти соҳа мебошад, қаблан роҳбарияти Кумитаро бо таъин шуданашон ба вазифаҳои пурмасъул бори дигар шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин машварат дар якҷоягӣ роҳандозӣ кардани ҷанбаҳои нави фаъолият бо дарназардошти шаклу усулу муосири корбарӣ миёни ҷавонон мебошад. Зимни машварат оид ба масъалаҳои марбутаи соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз назар карда шуда, ҷиҳати вусъати корҳои ташкиливу таблиғотӣ ва сафарбаркунии ҷавонон, рушди оммавияти варзиш, ташаккули туризми дохиливу берунӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои байналмилалии дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Мавриди қайд аст, ки чанде қабл бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Мавсума Муинова, Қиёмиддин Миралиев, Руслан Шодиков, Дилшод Назаров ба ҳайси раис, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






