Модари солим- ҷомеаи солим
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо мақсади пешгирии фавти модару кӯдак, бемориҳои нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, хусусан занон доир ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ ва танзими оила аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии вилоят 1-уми июли соли равон дар ҷамоати деҳоти «Ниҷонӣ»-и шаҳри Истаравшан семинар-машварати минтақавӣ таҳти унвони «Модари солим- ҷомеаи солим» гузаронида шуд.Дар он зиёда аз 34 нафар занону духтарони хонанишин, аз ҷумла занони яккаву танҳо, заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, иштирок намуданд.Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар семинар таваҷҷуҳи занон оид ба пешгирии фавти модару кӯдак, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, хусусан занон доир ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, сиҳатии модару кӯдак ҷалб карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






