Муҳокимаи ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Амрико

Июль 31, 2014 15:53

Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Маҷмӯи масоили ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, низомӣ, мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ миёни Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Ллойд Остин III мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт. Фармондеҳи амрикоӣ пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони ВАО аз ҳамкориҳои босамари миёни ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин вохӯрӣ соҳаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону ИМА, ки сол то сол рушд меёбанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. «Пеш аз ҳама мехостам зикр намоям, ки боиси ифтихор аст, ки ман бори дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудам. Тоҷикистон бисёр кишвари дилрабо аст ва мардуми он ниҳоят меҳмонпазиранд. Мо имрӯз бо Ҷаноби Президент як сӯҳбати ниҳоят пурмуҳтавое гузаронидем ва дар доираи он масъалаҳои минтақавиро умуман ва инчунин масъалаҳои васеи вобаста ба амниятро баррасӣ намудем. Ман дар навбати худ барои нақши муассир ва мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ба Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамоям. Мо хоҳони тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар партави таъмини амният, субот ва сулҳи сартосарӣ дар минтақа мебошем»- иброз дошт Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Ллойд Остин III.

Июль 31, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд