«Муаллим» туҳфа ба тамошобин
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Киностудияи “Тоҷикфилм” банаворгирии филми нави коргардони маъруф Носир Саидовро бо номи “Муаллим” ба анҷом расонид. Филми мазкур аз рӯи сенарияи Сафар Ҳақдодов рӯи навор омадааст. “Муаллим” фарогири мавзуъҳои муосири рӯз буда, аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Нақшҳои асосиро дар филм ҳунармандони маъруфи кишвар Марат Орипов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Абдукарим Машрабов ва ҳунарманди эронӣ Маҳноз Афшор офаридаанд. Ба филм ҳунарманди маҳбуб Далер Назаров оҳанг бастааст. Бояд гуфт, ки Носир Саидов аз коргардонони машҳури имрӯзаи тоҷик аст, ки филмҳои таҳия намудаи ӯ дар сатҳи байналмилалӣ намоиш дода шудааст. Аз ҷумла, «Қиёми рӯз», аввалин филми истеҳсоли Тоҷикистон аст, ки дар 17 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






