Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Валерий Гулев
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори идоракунандаи Ширкати «Газпром Интернэшнл Б.В.» Валерий Гулев мулоқот кард.Дар мулоқот масоили марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар соҳаи мазкур барои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷонибҳо аз ҷумла рафти иҷрои Созишнома оид ба гузаронидани корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ дар майдонҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки моҳи июни соли 2008 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаъмияти саҳомии шакли кушодаи (ҶСК) «Газпром» ба имзо расида аст, мавриди муҳокима қарор доданд.Барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ, таъмини иҷрои лоиҳаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии рафти иҷрои ин лоиҳаҳо зарурияти дар шаҳри Душанбе дар соли равон гузаронидани конференсияи геологҳо махсус таъкид карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






