Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ли Ян Ҷе

Июль 14, 2014 17:43

Душанбе, 14.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд.Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.Дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад. Оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои онҳоро хуш пазируфта, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.

Июль 14, 2014 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад