Мулоқоти Э.Раҳмон бо У.Саралаев
Душанбе, 8.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.Урмат Саралаев изҳор дошт, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






