Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ван Йи
Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Йи-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир гардид.“Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалияти доимии сиёсати хориҷии мо ва намунаи ибратбахши робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аст”, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин зикр гардид, ки “муносиботи ҳасанаи мо ба ҳамсонӣ ва наздикии мавқеъҳои ду давлат дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ба мувофиқати қавлу амали мо дар масоили рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар такя доранд”.Тавре Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, “миёни мақомоти сатҳи олӣ ва баланди Тоҷикистону Чин боварии амиқи дуҷониба, дӯстии самимӣ ва дастгирии ҳамдигар ташаккул ёфтааст ва мо ин ҳолатро гиромӣ медорем”.Чунонки зикр гардид, шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ки як сол пеш эълон гардида буд, бо густариши робитаҳо ва ҳамкории амиқи судбахш дар амал эҳсос мегардад.Тасмимоти басо муҳими дуҷониба, аз ҷумла доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, оғози корҳо барои маблағгузорӣ ва сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2015-2020 намунаҳои пурарзиши шарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя номида шуд.Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва илму техника табодули назар карда шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар самти нигаҳдории амну суботи минтақавӣ зоҳир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






