Мулоқоти С. Аслов бо ҳамтои ӯзбекаш
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтои ӯзбекистонии худро ба зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, фарҳанг, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дигар самтҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи замон ва принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ мебошанд, ҷалб намуд. Аз назари ҷониби Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкории комил дар самтҳои зикргардида ба болоравии сатҳи робитаҳо ва ҳалли масоили дар муносибатҳои ду кишвар ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.Дар вохӯрӣ инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони мазкур табодули назари судманд сурат гирифт.Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирӣ дар давраи раёсаташ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори сипос намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






