Мулоқоти С.Аслов бо А.Дункан

Июль 2, 2014 08:59

Душанбе, 2.07.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 1 июли соли равон дар шаҳри Лондон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чаҳорчӯби сафари кории худ бо вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Дункан мулоқот намуд.  Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ арзи сипос намуд ва изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

Июль 2, 2014 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!