Мунтахаби Малайзия ба Душанбе меояд
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Долла Солеҳ, сармураббии нави мунтахаби миллии футболи Малайзия, ҳайати дастаашро дар бозии дӯстона бо дастаи миллии Тоҷикистон эълон кард.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи кишвар хабар додааст, ҳайати варзишии Малайзия бо шумули 34 нафар рӯзи 5-уми августи соли равон ба Душанбе меояд.Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8-уми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, ин нахустин бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






