Муовинони раиси шаҳр дар назди вакилон гузориш медиҳанд
Душанбе, 09.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд, ки тибқи он 31 июли соли равон дар пойтахт иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи шаҳрӣ масоили марбут ба баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагии пойтахт ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай матраҳ мегарданд. Ҳамзамон дар назди вакилони шаҳрӣ муовинони раиси шаҳр Бурҳон Назаров ва Низом Ҳакимов дар бораи қарорҳои қаблан қабулнамудаи шаҳрдорӣ оид ба ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт ва беҳдошти фаъолияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашӣ дар шаҳр гузориш медиҳанд. Инчунин баррасии масъалаи номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаю кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо ва боғҳои пойтахт дар назар аст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосия вакилон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






