Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занона
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар Норак аз 23-юми июн то 2-юми июли соли равон тамрин карда, ба даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занонаи то 16-сола, ки аз 4-ум то 13-уми октябр баргузор мешавад, омодагӣ дид. Ба ин ҷамъомад 27 бозингар — 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар — даъват шуда буданд.Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 ҳамагӣ 21 даста: 12 -то дар минтақаи Ғарб ва 9-то дар минтақаи Шарқ ширкат мекунанд.Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад. Мусобиқа аз 4-ум то 13-уми октябри соли равон дар Шри-Ланка баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 4-уми октябр бо дастаи Фаластин анҷом медиҳад. Баъдан футболбоздухтарони тоҷик 6-уми октябр бо дастаи Баҳрайн, 8-уми октябр бо мунтахаби Узбакистон ва 11-уми октябр бо дастаи Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 13-уми октябр бо дастаи Қирғизистон баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки ғолибони ҳар чаҳор гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2015 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Тайланд аз даври интихобӣ озоданд ва ба сабқати ниҳоӣ мустақим роҳ ёфтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






