Мусобиқаи байналмилалии гӯштини дзюдо дар Белоруссия
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 12-нафар варзишгарони тоҷик аз намуди гӯштини дзюдо ҷиҳати ширкат дар машқҳои таълимиву тамринӣ дар исторатгоҳи Белиничии Ҷумҳурии Белоруссия сарфарбар гардиданд. Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи дзюдои кишвар хабар медиҳад, тамринҳои варзишгарони тоҷик то 17-уми июли соли равон идома мекунад. Чунин омодагиҳо ба варзишгари тоҷик Фаррухи Салим як марҳилаи тайёрӣ ба дуюмин Бозиҳои Олимпии наврасон, ки дар Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, ба ҳисоб меравад. Барои дигар варзишгарони навраси тоҷик бошад, омодагӣ ба Чемпионати Осиё байни наврасон, ки моҳи декабр дар Гонконг сурат мегирад, мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






