Мусобиқаи мубоҳисавии ҷоизаи «Ҷавонони пешсаф — 2014»
Душанбе, 14.07. 2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Мусобиқаи мубоҳисавии минтақавии ҷоизаи «Ҷавонони пешсаф — 2014» Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкори ба филиали Каунтерпарт Интернэшнл дар Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Оҷонcии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ва Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии «Атлас», ва иштироки Ташкилоти ҷамъиятии «Занони Шарқ» 19 июл дар шаҳри Панҷакент баргузор мекунад. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази бозори озоди Тоҷикистон иттилоъ доданд, аввалин маротиба ин гуна чорабинӣ дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад ва махсус барои иштирокчиени Барномаи ҷавонони пешсаф ташкил мешавад. Ин барнома — ташаббуси чорсола буда, мақсади он дастгирии ҷавонони фаъол, пешбаранда ва аз лиҳози иҷтимоӣ бохиради Тоҷикистон ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки мусобиқа аз рӯйи формати парламентии Мактаби Умумиҷахонӣ сурат мегирад ва ба мавзӯъҳои ичтимоиву-иқтисодӣ ва маъсалаи интихоби озод бахшида шудааст. Бинобар ин пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба формат ва техникаи мубоҳисавӣ гузаронида мешавад.Ба андешаи ташкилотчӣён, мақсади асосии ин мусобиқа — рушди ҳавасмандии ҷавонони минтақа барои ба даст овардани дониш ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави шинохта равона шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






