Муваффақиятҳои АИК ҶТ дар шаш моҳ
Душанбе, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Раёсат ва муассисаи илмии Академияи кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумат ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ корҳои илмию созмондиҳиро иҷро намудааст, ки ба натиҷаҳои муайян ноил гардидааст.Бино ба иттилои Академияи мазкур, дар ин давра 5 навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 2 навъи пахтаи миёнанахи “Б-70” ва “Лочин”, навъи сулии “Тоҷикӣ-70”, пиёзи навъи “Ҳисорӣ” ва картошкаи навъи “Файзобод” мувофиқи минтақаҳо кишт гардидаанд.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки 5 навъи серҳосили зироати кишоварзӣ, пахтаи миёнанахи навъи “Тоҷикистон”, “Хатлон-2011”, гандуми навъи “Файзбахш”, “Шокирӣ”, “ИЗ-80” ва “Фарҳодӣ-60” ояндадор ҳисобида шудааст, 20 навъи зироати кишоварзӣ бошад ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзӣ барои санҷиш пешниҳод гардидаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






