Нақши сиёсати макроиқтисодӣ дар ҳалли мушкилоти камбизоатӣ

Июль 3, 2014 09:09

Душанбе, 03.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Рӯнамоии китоби Тоҷикистон дар давраи гузариш: нақши сиёсати макроиқтисодӣ дар ҳалли мушкилоти камбизоатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ 2 июл дар Душанбе доир гардид. Бояд гуфт, ки ин нахустин нашрия дар бахши макроиқтисодиёт ва ислоҳоти идорасозии молияи давлатӣ буда, навиштаҳои муаллифонро аз вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омор, Парламент, донишгоҳҳо ва Академияи илмҳо дар бар мегирад. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ доданд, китоби мазкур мавзуъҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тамоюлҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат, маҷмӯи моделҳои макроиқтисодии байниҳам алоқаманди дар сохтори давлатии Тоҷикистон татбиқшуда, таҳияи модели эконометрикӣ барои дурнамои даромадҳои давлатӣ, модел ва чораҳои ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва пулию қарзӣ дар Тоҷикистон, модели эконометрикӣ барои баҳодиҳии вариантҳои сиёсати макроиқтисодӣ, таҳлили динамикаи рушди бозори меҳнат, инчунин таҳлилҳои амалӣ дар бахши идорасозии молия, ки дар асоси низоми нави иттилоотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, фарогир аст. Муаллифони китоб мушовирони тоҷик ва инчунин муҳаррирони асосӣ проф. А. В. Шкуропат ва профессор Пол Хэа, ки дар ду лоиҳаи ИА-Рушди моделсозии макроиқтисодӣ ва ояндабаинӣ дар Тоҷикистон (ширкати СОФРЕКО онро амалӣ намудааст) ва Дастгирии техникии чораҳо оид ба фаҳмонидани барномаи ислоҳоти бахши идорасозии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон (аз ҷониби ширкати Б энд Европа амалӣ гаштааст) иштирок намудаанд.

Июль 3, 2014 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад