Нақши судҳои конститутсионӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар шаҳри Батуми Ҷумҳурии Гурҷистон аз 24 то 28 июн сенздаҳумин ҷаласаи Шӯрои муттаҳида оид ба адолати судии конститутсионии Комиссияи Аврупоӣ барои демократия тавассути ҳуқуқ ва Конфронс дар мавзуи «Нақши судҳои конститутсионӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ» доир гардид, ки дар он аз Тоҷикистон роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимов иштирок намуд.Дар кори ҷаласа намоядаи зиёда аз чил кишвари ҷаҳон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо ширкат карда, дар он мавзуъҳои марбут ба таҳкими адолати судии конститутсионӣ, мукаммал намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи назорати конститутсионӣ, нақши қарорҳои мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳо матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






