Нашри «Тахти Қубод» дар матбааи нав

Июль 25, 2014 09:26

Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар ноҳияи Қубодиён матбааи нав ба фаъолият оғоз намуд. Матбааи навтаъсис имкон медиҳад, ки минбаъд рӯзномаи ноҳиявии «Тахти Қубод», ки 5 ҳазор теъдоди нашр дорад, сари вақт дастраси хонандагон гардад.Дастгоҳи нави чопии офсетии «Рамаёр — 314» метавонад рӯзномаҳои дорои шаклҳои чопии А2, А3, А5, А6-ро нашр намояд. Тибқи шартнома рӯзномаю моҳномаҳои ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуз дар ин матбаа чоп хоҳанд шуд.

Июль 25, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш