Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаш моҳ
Душанбе, 14.07.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Дар ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми июли соли 2014 доир гардид, фаъолияти нимсолаи якуми соли 2014-и Кумита натиҷагирӣ карда шуд ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори соли 2014 баррасӣ гардид. Дар ҳисоботи раиси Кумита Хайрулло Ибодзода, дар баробари муваффақиятҳои бадастомадаи соҳа дар давраи ҳисоботӣ, инчунин мушкилоту муаммоҳои ҳалталаби экологӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт ва ба масъулини раёсату шўъбаҳои маҳаллӣ барои рафъи камбудиҳои љойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар рафти љаласа роҳбарони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, ш. Душанбе, обуҳавошиносӣ ва шӯъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита дар назди ҳозирон доир ба фаъолияти самтҳои худ ҳисобот доданд, дар зимн таклифу пешниҳодоти хешро ҷиҳати мусоидат ироа намуданд. Аз рўи масъалаи муҳокимашуда Мушовара қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар ҷаласаи Мушовара муовини Сардори Раёсати кишоварзию ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳор Ойматов иштирок ва суханронӣ кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






