Навсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд созишномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид, ки тибқи он бо харҷи қариб 76 миллион доллари амрикоӣ нерӯгоҳи обии Қайроққум навсозӣ карда мешавад.Ба созишнома аз ҷониби Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбонов ва Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Рустам Раҳматзода ва аз ҷониби Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд директори ин бонк доир ба энергетика ва захираҳои табиии Осиёи Марказӣ ва Русия хонум Аида Ситдикова имзо гузоштанд.Чунон ки зикр гардид, бо имзои ин созишнома татбиқи бузургтарин лоиҳаи Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон оғоз меёбад. Зимни навсозӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум ду агрегати нав насб карда мешавад, ки ҳам иқтидор ва ҳам эътимоднокию бехатариашон аз агрегатҳои пешин беҳтар аст. Иқтидори нерӯгоҳ бо агрегатҳои нав аз 126 ба 142 мегаватт расонда мешавад. Тибқи ин лоиҳа, ҳамчунин таҷҳизоти зиёди дигари нерӯгоҳ нав карда шуда, сарбанди бетонии он ҳам мустаҳкам мегардад, то ки нерӯгоҳи бузургтарини воқеъ дар вилояти Суғд солҳои зиёд боз ба мардум хизмат кунад.Татбиқи босамари ин лоиҳа, ки то соли 2018 бояд ба анҷом расад, қадами муҳими дигар дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд аз 76 миллион доллари амрикоӣ, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо мегардад, 50 миллионаш қарзи имтиёзии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд, 10 миллион қарзи дарозмуддати Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйиёбии иқлим, 11 миллион гранти ҳамин барнома ва 4,7 миллион кумакҳои техникии дигар шарикони рушди Тоҷикистон мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






