Наздики 2 миллиард сомонӣ пардохти гумрукӣ ба буҷаи давлат

Июль 16, 2014 14:23

Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Раҳматов ба намояндагони васоити ахбори умум оид ба фаъолияти нимсолаи Хадамот маълумот дода, иброз намуд, ки Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввал ба буҷети давлатӣ 1 миллиарду 908 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи муайянгардида 84 миллион сомонӣ зиёд буда, 104, 6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи 2 миллиону 899 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд. «Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, воридоти ғайриқонунии як ҳазору 522 адад фурӯзонакҳои тафсон, 76 адад таҷҳизоти компютерӣ, 739 дона телефонҳои мобилӣ, 5 ҳазору 376 дона атриёт, 642 тонна семент, як ҳазору 295 тонна нуриҳои минералӣ, як ҳазору шаш тонна ангишт, 6 ҳазору 552 литр равғанҳои молиданӣ, 13 ҳазору 700 литр нафти хом, 15 кг 269 грамм маснуоти заргарӣ ва 14 кг бижутерия ошкор карда шуда, 42 адад воситаҳои нақлиёти боркаш бо сабаби вайрон кардани хати сайр боздошт карда шуд»,-гуфт Неъматҷон Раҳматов.

Июль 16, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад