Нигаронӣ аз обшавии зиёди пиряхҳои Тоҷикистон
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мушоҳидаҳои 70 соли охир аз 25 то 30% ҳаҷми худро кам кардаанд-гуфт Маҳмад Сафаров,раиси Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ зимни шишасти хабарӣ. Ба гуфтаи Сафаров агар мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи пиряхҳои Тоҷикистон чанд сол қабл 14000-ро ташкил медоданд пас ҳоло аз ин миқдор танҳо 1000 пирях боқӣ мондааст. Аз ҳама ҳолати хатаровар барои камшавии оби дарёҳои ҷумҳурӣ ин аз даст додани пиряхҳои кишварҳои ҳамсоя,аз ҷумла Афғонистон мебошад,ки дар он низ 75%-и пиряхҳо кам шудаанд,иброз дошт Маҳмад Сафаров. Ба иттилои манбаъ бо тағйирёбии иқлим ва гарм шудани ҳарорат чангу ғуборе,ки дар таркиби худ намак дорад ба рӯйи пиряхҳо пош хӯдра, дар натиҷа ба обшавии пиряхҳои кишвар боис гардидааст.Ҷаноби Сафаров дар робита гуфт мувофиқи мушоҳидаҳои гузаронидашуда оид ба обшавии пиряхҳои кишвар эҳтимол дорад,ки баъд аз соли 2050 дар Тоҷикистон камобӣ шавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






