Нишони навбатии Мавзуна Чориева аз Чин

Июль 24, 2014 09:03

Душанбе, 24.07.2014 (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).-  Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин медали нуқра ба даст овард. Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Гуяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар аз 13-ум то 20-уми июл баргузор шуд, се муштзани тоҷик — Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва Светлана Веглина — бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, иштирок карданд. Мирзо Шамсиев, сармураббии ҳайати кишвар баъди бозгашт аз Чин гуфтааст, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Муғулистон, Чин ва Тайланд ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Янг Чун Хуа аз Чин аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 мағлуб шуд ва мақоми дуюмро касб кард. Дар сабқат Светлана Веглина бошад, дар рақобатҳо дар вазни 51 кг дар даври аввал аз муштзани Кореяи Шимолӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд. Ба гуфтаи мураббӣ дар сабқати мардон дар вазни то 60 кг Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар даври муқаддамотӣ бар асари зарбаи сахти рақиби қазоқаш сари ӯ шадидан осеб ёфт ва бо тасмими пизишкон сабқат қатъ шуд. Анвар аз идомаи мубориза маҳрум гашт. Гуфта мешавад, ки муштзанҳои тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Июль 24, 2014 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст