Ноболиғонро беназорат нагузоред
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 6 июли соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ-3181, Обидҷон Бектимиров соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Сомон ба самти деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рудакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Толибҷон Усмонов соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Дар ин рӯз, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ-520 Олимназар Чориев соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан, набераи ноболиғаш Нодирбек Чориев соли таваллудаш 2012-ро пахш кард. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






