Норасоии дӯзандаҳои касбӣ дар ноҳияҳои дурдаст
Душанбе, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти нимсолаи вазорат нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст вазир Шавкат Бобозода оид ба коргоҳҳои дӯзандагӣ иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сару либоси мактабӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2013 106 фоизро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар баъзе аз корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии ноҳияҳои дурдасти кишвар бо сабаби надоштани теъдоди зарурии дӯзандаҳои касбӣ то ҳол дӯхти сару либоси мактабӣ амалӣ намегарданд ва дар ин бобат бояд чораҳои зарурӣ андешид. Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии кишвар дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 62 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 506,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






