Обёрӣ кардани заминҳои корам дар минтақаи Кӯлоб

Июль 11, 2014 15:36

Кӯлоб, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар” Сулаймон Хол).-Дар ноҳияҳои минтаӄаи Кӯлоб як ӄисми заминҳои корам ба воситаи насосҳо обёрӣ мешаванд ва ба ин хотир 28 пойгоҳи обкашӣ фаъолият менамоянд, ки дар онхо 95 агрегати насосҳо мавҷуданд. Ӄисмати зиёди заминҳои обёришаванда дар ноҳияхои Восеъ ва Фархор ҷойгиранд. Соли ҷори пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Васеъ ва Фархор аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими обёри омода буданд ва идораи хочагии об 90 фоизи заҳбуру заҳкашҳоро тоза карда, хочагиҳои деҳӄониро бо об таъмин менамоянд. Бино бар иттилои идораи хочагии оби минтаӄаи Кӯлоб айни замон дар ноҳияҳои Восею Фархор 14 хазору 700 гектар замини корам ба воситаи насосҳо обёрӣ мешавад, ки 7 ҳазору 650 гектари он дар ноҳияи Фархор ва 7 ҳазору 50 гектари дигар дар ноҳияи Восеъ мебошанд. Барои рафъи мушкилоти нарасидани об дар мавсими тобистон дар минтақаи Кӯлоб ҳавзи Муъминобод бо ғунчоиши 25 миллион кубаметр об ва ҳавзи селбур дар ҷамоъати дехоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо ғунчоиши 15 милион куб мавҷуданд, ки кишоварзонро бо оби техникӣ таъмин менамоянд. Ҳоло дар ин ҳавзҳо тахминан 30 миллион кубаметр об аст, ки ба гуфти мутахассисони соҳа метавонад то моҳҳои октябр заминҳои корамро таъмин намояд.

Июль 11, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад