Омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол

Июль 29, 2014 08:59

Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим ).- Рӯзи 25-уми июл дар Душанбе ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.Дар ин ҷаласа Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузории аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 18-ум то 22-юми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешавад, иттилоъ дод.Р. Абдуллозода иброз дошт, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад ва масъулияти раёсати ҷаласаи навбатии ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, бахшида шудааст. Ба мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998 аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай – Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбакистон — даъват шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се даста намояндагӣ мекунад.Зикр гардид, ки Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузории мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Созмони Ҳамкории Шанхай барои тасдиқ ба дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҷоми Созмони Ҳамкории Шанхай гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи кишвар ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ дохиланд.

Июль 29, 2014 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад