Омодагиҳо оид ба Чемпионати ҷаҳон-таэквандо
Душанбе, 31.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Аз 2-юм то 11-уми августи соли равон дар доираи он Конгресси Федератсияи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи варзишгарон аз кишварҳои дунё Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо баргузор мегардад. Ҳамчунин семинар барои дастурдиҳандагон ва семинари техникӣ барои доварони ин чорабинӣ доир гардида, рақобатҳо аз 7 -ум то 10-уми август идома меёбанд. Оид ба вазъи омодагиҳо ва дар кадом сатҳ қарор доштани баргузории Чемпионати ҷаҳон — таэквандо , хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Наргис Набиева ноиби раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҷумҳурӣ мусоҳиба орост, ки шарҳи онро манзуратон мегардонем. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чемпионати ҷаҳон- таэквандо чӣ чораҳо андешида шуданд? Пеш аз ҳама аз ҷониби Президенти кишвар дастуру супоришҳо дода шуд ва бо Фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ зиёда аз 600 000 (шашсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки аз ҳисоби он тибқи талаботи қонунгузорӣ лавозимот ва хизматрасонии зарурӣ барои чорабинӣ тавассути Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардиданд.Ҳамчунин дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари Давлат нақшаи баргузории чемпионат аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳ тасдиқ гардид. Баъдан бо роҳбарии муовини Сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ Кумитаи тадорукот таъсис ёфт, инчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ гурӯҳи корӣ таъсис гардид.Айни замон омодагии Тоҷикистон ба ин чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ карор дорад.Аз ҷониби Комиссияи ваколатии Чемпионат, ки аз Федератсияи байналмилалӣ ташриф оварданд, (моҳи июни соли ҷорӣ) омодагии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чанд давлати дунё ширкат меварзад?Айни замон аз ҷониби 52 давлат дар бораи иштирок тасдиқ ирсол намудаанд. Шумораи варзишгароне, ки аз тамоми давлатҳо дар чемпионат ширкат меварзанд чӣ миқдор аст?Дар Чемпионати мазкур зиёда аз 600 нафар варзишгар аз кишварҳои дунё ширкат меварзанд.Аз кишвари мо чанд нафар варзишгар дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок мекунанд?Тоҷикистонро 43 — нафар варзишгари наврас ва 4 нафар собиқадор муаррифӣ менамоянд. Ба ҳайати дастаи мунтахаб, варзишгарон, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷахон ва Осиё ворид шудаанд. 20- нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.Макони баргузории чемпионат куҷо муқаррар гардидааст?Макони баргузории ин чорабинии бонуфуз Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мусоҳиб : Зарангези Латиф.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






