Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои осиёӣ ва Олимпиадаи наврасон
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) -Имруз дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагиҳои варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ баргузор шуд.Бояд зикр кард ,ки Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа гуфт, “Ба барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад. Аз рӯйи 36 намуди варзиш 29 намуди олимпӣ ва 7 намуди ғайриолимпӣ дохил мебошанд.Ёдовар мешавем ,ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, инчунин федератсияҳои миллӣ, беш аз 150 варзишгарро ба Бозиҳои XVII осиёӣ аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, дзюдо, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, камонварӣ, картэ-до, таэквон-до ВТФ, вазнабардорӣ ва ғайра сафарбар мекунад. Хотирасон менамоем, ки барои омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ногуфта намонад, ки варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин чаҳор медал як нишони тилло ва се биринҷӣ гирифта буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло, Расул Боқиев дзюдо, Муродҷон Тӯйчиев гуштии юнониву румӣ ва Ҷаҳон Қурбонов бокс бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






