«Парвоз»-и Тоҳири Муҳаммадризо
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар нашриёти «Истеъдод» китоби нави адиби шинохтаи тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо таҳти унвони «Парвоз» ба табъ расид. Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, китоб романи тозатаълифи «Рӯзҳои Худо тезгузаранд…», қиссаи «Муноҷот», ҳикоятҳои «Парвоз», «Руъёи Балотах», «Корномаи қаландар», песаҳои «Ишқи парӣ», «Диёри дилҳои хаста» ва «Нури сеҳрангези фонусҳо»-ро дар бар мегирад. Асарҳои нависанда аз боби тақдири пурихтилофи инсонҳое ҳикоят мекунанд, ки дар гирдоби воқеоти солҳои охири асри XX обутоб ёфта, ҳастии худро ташаккул додаанд. Боиси тазаккур аст, ки романи «Рӯзҳои Худо тезгузаранд …» аз лиҳози ҳам мавзӯю мундариҷа ва ҳам пешниҳод ҷолиб буда, сухани тозае дар насри муосири тоҷик мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






