Пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ
Душанбе, 7.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар шаҳри Чкалов семинар -машварат аз ҷониби кормандони Кумитаи андоз дар робита ба пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ гузаронида шуд.Дар семинар-машварат сарварону муҳосибони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони корхонаҳои буҷавию ғайрибуҷавӣ, соҳибкорон ва кормандони нозироти андози шаҳр иштирок намуда, доир ба пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ маълумоти муфассал дастрас намуданд.Олимҷон Орифҷонов, намояндаи Кумитаи андоз дар ҷараёни семинар-машварат изҳор дошт, ки пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ шароит фароҳам меоварад, ки андозсупоранда бе ташриф ба мақомоти андоз, аз утоқи кории худ бо истифода аз шабакаи интернет ҳисоботи хешро пешниҳод созад.Аз соли 2011 инҷониб дар Кумитаи андоз барномаи компютерӣ таҳия ва такомул дода шудааст ва андозсупорандагон эъломияи худро дар шакли электронӣ пешниҳод намуда истодаанд.Дар семинар-машварат тавассути таҷҳизоти техникӣ раванди бақайдгирӣ, усули истифодаи дурусти кор ва паҳлӯҳои дигари пешниҳоди эъломия дар шакли электронӣ фаҳмонида дода шуд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






